Дар осорхонаи кишваршиносии шаҳри Самарқанд таҳти мавзӯи «Некӣ бимонад ҷовидон…» тадбири фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии шоири маъруф ва маҳбуб, устод Лоиқ Шералӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ эҷодкорони шинохтаи Самарқанд, аҳли фарҳанг ва вакилони ҷамоатӣ иштирок карданд.
Тадбирро устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев ва Дилшода Ҳазратқулова ифтитоҳ бахшида, дар бораи эҷодиёти шоири тавоно, базморо, зиндаёду покбунёд, шаҳиру дилпазир, навгӯву навҷӯ, устод Лоиқ Шералӣ чанд сухан гуфтанд. Дар идомаи тадбир раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев, нависанда Ҳаёт Неъмат, шоир, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов сухан карданд.
Ещё видео!