Ассалому алейкум бинандагони азиз. Пешниходи шумост барномаи иттилоотии «Имрӯз» бо муҳимтарин хабару гузоришҳои рӯз. Дар студия Ш.Наврӯзов. Дар оғоз бо шарҳи кӯтоҳи хабарҳо ошно гардед.
Ҳафтаи илм дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ҷамъбаст гардид.
Аз соли 1969 то имрӯз. Номгуи зиёди нашрияҳо дар бойгонии шуъбаи матбуоти даврии китобхонаи ба номи Т. Асирӣ нигоҳ дошта мешавад.
30 нафар маъюбони оилаҳои эҳтиёҷманд бо кумакпулии яквақта таъмин гардиданд
Як ҷавондухтари 19 сола даст ба дуздӣ задааст
Таваҷҷӯҳ намоед ба шарҳи пурраи ин хабарҳо. Имрӯз сешанбе 26-уми апрели соли 2022-юми мелодист. Ин сана дар тақвим ҳамчун рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни садамаи Чернобил ва рузи умумиҷаҳонии моликияти зеҳни қайд гардидааст. 36 сол муқаддам дар ҳамин санаи соли 1986 дар Неругоҳи ҳастаии Чернобил садама ба амал омад, ки дар таърих садамаи мудҳиштарини ядроӣ маҳсуб мешавад.
Студия
Дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи илмро ҷамъбаст намуданд. Бо баргузор намудани як чорабини бо иштироки васеъи устодону донишҷӯён дастовардҳои илмии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ натиҷагири карда шуд.
Шуъбаи матуботи даврии китобхонаи оммави вилоятии баноми Тошхуҷа Асири шуруъ аз соли 1964 то имрӯз фаъолият мебарад. Аз замони ташкилёби то кунун номгуи зиёди нашрияҳо дар инҷо нигоҳ дошта мешаванд, ки хонандагон ҳамарӯза аз он истифода мебаранд. Ҳоло ин шӯъба бо 52 нашрияои вилоятиву ҷумҳурияви ва соҳаҳои мухталиф обуна мебошад.
Ташкилоти ҷамъиятии Дунёи меҳр 30 нафар маъюбони оилаҳои эӣтиёҷмандро бо кумакпулии яквақта таъмин намуд. Ин нафарон, ки гурӯҳи маъюби доранду бинобар вазъи саломатӣ дар ҷое имкони кор карданро надоранд чанде пеш ба Ташкилоти мазкур ариза карда буданд.
Ба ШВКД дар ноҳия Ҷ.Расулов бо ариза зани 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми апрели соли 2022, тахминан соати 06:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 4 ҳазор сомонӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Бинобар маълумоти агентии обухавосанчи пагох санаи 26-уми апрел дар шахри Хуҷанд хавои тагирёбанда пешгӯи карда мешавад. Харорати хаво рузона 20-24 дарача гарм ва шабона то 19-21 дараҷа гарм мешавад. фишори атмосфери 733 млиметри стунчаи симобиро ташкил дода намнокии хаво то ба 18 фоиз мешавад. Шамол аз самти шимолу шарк 1-4 метр дар ҳар сония мевазад.
Ещё видео!