Паёмбар Муҳаммад صلى الله عليه و سلم фармудаанд: «Миёни банда ва миёни ширк ва куфр, тарки намоз аст»
(Муслим, 82, Абу Довуд, 4678, Тирмизи, 2618, Аҳмад, 14989, Ибни Ҳиббон, 1453, Табаронӣ, 799, Бейҳақӣ, 3-366 ва ғайра ва иснод саҳеҳ аст)
Имом Аш-Шанкитӣ дар бораи ин ҳадис гуфтааст: “Маълум аст, ки кассе намозро тарк кардааст, кофир аст, зеро бастани ширк ба куфр сахттарин далели кофир будани ӯро нишон медиҳад” ниг. “Адваул баён”, 4-311
Шайх Абдул-Азиз Абдуллатиф мефармояд: "Паёмбари Худо صلى الله عليه و سلم дар миёни ислом ва куфр марзи равшане кашид ва ин тарки намоз аст ва ҳар кас намозро анҷом диҳад мусалмон аст ва ҳар ки намоз-ро тарк кунад, кофир аст". «Навокидул имон ал-қалия вал амалия», 462
***
Ривоят мекунад Бурайдаҳ ибни Ҳусайби Асламӣ гуфт: Ман шунидам, ки РасулуЛлоҳ ﷺ гуфт: Аҳд байни мо ва байни онҳо намоз аст, ва касе, ки онро [намозро] тарк кард, пас ӯ кофир шуд.
(Имом Аҳмад дар муснадаш 346/5, ан-Насаи 463, Тирмизӣ 81/2 , Ибни Моҷа 1079
Ривоят мекунад Савбан ходими РасулуЛлаҳ ﷺ: Ман шунидам, ки РасулуЛлаҳ ﷺ гуфт: Байни банда ва байни куфру имон намоз аст, пас касе, ки намозро такр мекунад ӯ ширк варзид.
АбдуЛлаҳ ибни Умар رضي الله عنهما мегуфт: РасулуЛлаҳ ﷺ гуфт: Ислом ба панҷ чиз сохта шудааст
1. Шаҳодат додан, ки нест маъбуди барҳақ ситоиши ибодат ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Ӯст.
2. Адои намоз
3. Додани закот
Гуфт ҳофиз абдулҲақ ал-ишбили رحمه الله дар китобаш ба номи «НАМОЗ»: Ҷумлае аз саҳобагон Аллоҳ аз онҳо рози бод, ва касоне баъди онҳо буданд такфир мекарданд шахсеро, ки намозро қасдан тарк мекард, то он даме, ки ҳамаи вақташ набарояд;
Муаз ибни Ҷабал,
АбдуЛлаҳ ибни Масъуд,
Ибни Аббос
Ҷобир
абу Дарда, Аллоҳ аз онҳо рози бод, ва ҳамин тавр ривоят аст аз Али ибни абу Толиб.
Ҳамаи инҳо аз ҷумлаи саҳобагон буданд
Ва касоне, ки баъди онҳо буданд:
[такфир мекарданд, шахсеро, ки намозро қасдан тарк мекард то бромадани вақташ]
Исҳоқ ибни Раҳавайҳ
АбдуЛлоҳ ибни Муборак
Иброҳим ан-Нахай,
Ҳакам ибни Отайба ,
Айюб Ас-Сахтиёнӣ,
Абу Довуд Ат-Таялиси,
***
Абу Ҳурайра رضي الله عنه гуфт:
Ҷобир ибни АбдуЛлаҳ ҳангоме ки аз ӯ пурсиданд, гуфт: Фарқ миёни куфр ва имон аз амал дар замони Расули Худо صلى الله عليه و سلم чӣ гуна буд?»
Гуфт: «Намоз».
(.«Тазиму кодри ал-соля», 893 ва Шайх Албани ва Шайх АбдуЛлаҳи Саъд гуфтаанд, ки исноди ин хасан аст).
Ҳасани Басрӣ аке аз бузургони Тобиин мегӯяд: «Ба ман расид, ки саҳобагони Расули Худо صلىالله عليه و سلم гуфтанд: «Миёни банда ва ширк кардан ва ба куфр афтодан - бе сабаб намозро тарк кардан аст». Ҳалол, 1372, Ибни Батто, 877, Лалякай, 1539).
АбдуЛлаҳ ибни Шақиқ яке аз бузургони тобеин мефармояд: «Саҳобагони Расули Худо صلى الله عليهو سلم аз амалҳоеро, ки тарки онҳо куфр аст, магар намоз намедонистанд». ниг. «Сахихи таргиб ва тархиб», 1\227, исноди сахеҳ
Ҷобир ибни АбдуЛлаҳ гуфт: «Касе, ки намоз намегузорад, кофир аст» (Ибни Абдулбарр, Тамҳид, 4/225, саҳеҳ).
Али ибни Абу- Толиб رضي الله عنه мефармояд: «Касе, ки намоз намехонад, кофир аст».
Аз Ибни Аббос رضي الله عنه ривоят аст, ки фармуд: Ҳар кӣ намозро тарк кунад, кофир аст. (Марвази, 939. Тамхид, 4/225)).
#таркинамоз #намоз
Ещё видео!