Шоми 6 августи соли 2023 дар канори шаҳри Кӯлоб дар назди бозори “Сомониён” як мошини боркаши фура бо суръати баланд ба самти муқобили роҳ баромада, чандин мошини дигарро пахш кардааст. Дар сабти видеокамераи назоратӣ дида мешавад, ки мошини боркаш бо суръати баланд ба мошинҳои асосан сабукрав, аз ҷумла мошинҳои мусофиркаш, ки оромона бо роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрда, онҳоро пахш мекунад.
Шумораи қурбониёни ин садамаи даҳшатбор ҳанӯз маълум нест, вале шоҳидон мегӯянд, ки одамони зиёде қурбон шудаанд. Мақомот низ гуфтаанд, ки кушташудаҳо ҳаст, вале омори дақиқро эълон накардаанд.
Бино ба иттилои нашрияи “Пайк”, ба ҷои ҳодиса беш аз панҷ мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳозир шудааст ва даҳҳо нафар ба кумаки осебдидагон шитофтаанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, мошини боркаши пур аз бор аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шуда, мошинҳоеро, ки аз пеши роҳаш мебаромаданд, зер кардааст.
То бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб мошинҳо аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин тақрибан 20 километр сарнишеб меоянд. Ба эҳтимоли ғолиб, тормози мошин аз кор баромадааст ва мошини боркаш зери фишори бори зиёде, ки дошт, аз назорат хориҷ шуда, болои мошинҳои дигар ҳаракат кардааст.
Дар гузашта ҳодисаи шабеҳи инро мақомот аз кор боз мондани тормози мошин бар асари бетанафус поён шудан гуфта буданд.
Ещё видео!