Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ (форсӣ: ابوعبدالله جعفر بن محمد بن حکیم بن عبدالرحمن بن آدم رودکی маъруф ба Одамушуаро (858 — 941, Панҷрӯд, Мовароуннаҳр) — бунёдгузори адаби форсӣ, нахустин шоъири машҳури порсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён аст.Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро форсӣ: آدم الشعرا Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.[1]
Устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ - достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва диг. пазируфтаанд.
Шеърҳои Рӯдакӣ нишон медиҳанд, ки ӯ Амир Исмоили Сомониро шоҳи тавоно, Амир Аҳмад Сомонӣ ҳамчун дӯсти ҳунарманд ва Амир Наср Сомонӣ ҳамчун шогирди бомаърифати худ мешуморанд.[2]
Ҳунару дастовардҳои устод Рӯдакӣ ба гӯши амири Хуросон Наср II Сомонӣ|Наср II ибн Аҳмад мерасад ва вай устодро ба дарбораш даъват мекунад. Рӯдакӣ дӯсти Наср II мешавад. Устодро асосгузори девон, ки як намуди маҷмуъаи шеър аз рӯи тартиби алифбо мебошад, ном мегирад.
Рӯдакиро даставвал ба дарбори Насри I Сомонӣ, ки солҳои 864-892 ҳокими Самарқанд буд, мекашад. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро ба пойтахти Сомониён даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки давраи рушди болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин раванди ташаккули халқи тоҷик айни муддао буд. Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил ( 907-914 ) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.
Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Ӯ Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст. Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд.
Эҷодиёт
Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ Калила ва Димнаро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт бокист.
Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд. Далелҳои зиёди таърихиӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳад. Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати ӯ чор сол он ҷо монда, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард.
Ещё видео!