26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи муосири «Хишти аввал» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶСП «Корпоратсияи Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 200 ҳазор дона хишт мебошад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар муҳлати 4 моҳ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар вақти сохтмон сокинони зиёди маҳаллӣ ба кор ҷалб мешуданд. Корхона дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи «Хишти аввал» 50 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сармоягузори ватаниро барои бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Аз рӯйи маълумот ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ 25 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият доранд. Дар ин ҷо барои кормандону мутахассисон бинои дуошёнаи маишию хизматрасонӣ бо шароити хуб сохта шудааст, ки дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхонаи «Хишти аввал» дар ҳамин ҷо ҳамзамон барои бунёди ду корхонаи дигари саноатӣ оғоз бахшиданд.
Ещё видео!