Гузоришҳои видеоии бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар YouTube, беш аз як миллиард бор тамошо кардаанд. Шабакаи Ютуби Озодӣ ё Озодивидео бо беш аз якуним милион обуначӣ аввалин ва пурбинандатарин шабакаи Ютуб дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Канали Озодивидео, ки хабарҳои охирин ва рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистону ҷаҳонро дар шакли гузоришҳои видеоӣ ва тасвирӣ пешниҳод мекунад, моҳи марти соли 2011 таъсис ёфтааст. Ozodivideo ҳамчунин яке аз пурбинандатарин саҳифаҳои Ютуби Озодӣ дар миёни тамоми бахшҳои дигари ин Радио мебошад. Аксари бинандагони канали Радиои Озодӣ дар Ютуб аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохили кишвар ҳастанд.Бинандагони азиз, ташаккур ба якояки шумо, ки пайваста бо Радиои Озодӣ ҳастед ва аз хабарҳоро аз канали Озодивидео пайгирӣ мекунед.
Ещё видео!