Бино ба гузоришҳои гуногун, муҳоҷирати корӣ бо вуҷуди кумак ба хонаводаҳо ва пешрафти иқтисоди кишварҳои муҳоҷирфирист, як оқибати баде ҳам дорад ва он ҳам дастнигар ва ҳатто танбал шудани оилаҳои муҳоҷирон дар ватан аст. Оё дар Тоҷикистон ҳам ин воқеият ҳаст, зану фарзанду волидайни муҳоҷире, ки дар Русия кор мекунад, фақати пули фиристодаро мегиранду дигар ҳеч кор намекунанд, ё худашон ҳам саҳме дар пешрафти иқтисоду вазъи иқтисодии оила мегузоранд. Имруз дар ҳамин бора суҳбат мекунем ва бо Ибанез Тирадо, мардумшинос ва пажуҳишгари масъалаи муҳоҷират, ки борҳо ба Тоҷикистон рафтааст ва ин масъаларо омухтааст, ки оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар интизори азизонашон чӣ кор мекунанд. Фақат мунтазир мешаванд ва ҳич коре намекунанд, ё баръакс гӯшае аз зиндагиро ба даст мегиранд.
Ещё видео!