Фарангис Шарифова, доктори илмҳои филология зимни марӯзаи илмии худ аз ҷумла гуфт, ки дар шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тамоми анвоъи ҷумлаҳо вуҷуд дорад, ба монанди: ҷумлаи сода, мураккабу тобеъ, пайваставу омехта... масалан дар ин рубоии Устод Рӯдакӣ аз як ҷумла то нуҳ ҷумлаи соддаи нопурра омадааст:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар.
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!
Ещё видео!