ҲАЛОКАТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА БАҲРОМИ ҒАФУРӢ
Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик, соати чори субҳи 7 август бар асари як садамаи нақлиётӣ дар синни 44 ба ҳалокат расид. Мошини “Ланд Крузер-200”-и муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Ислом Анварзода, ки Баҳроми Ғафурӣ савораш буд, дар назди Донишгоҳи омӯзгорӣ ба мошини КАМАЗ бархӯрдааст. Бахроми Ғафурӣ ва ҳамроҳонашро ба корпуси панҷуми бемористони Қарияи Боло интиқол додаанд, вале табибон онҳоро аз марг наҷот дода натавонистаанд. ВКД гуфт, ронанда ва ҳарду мусофираш маст будаанд.
Баҳроми Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Ӯ даҳҳо тарона офаридааст, ки машҳуртаринаш “Муҳоҷирбача” буд. Ин тарона дар тӯли
чандин сол гимни ғайрирасмии муҳоҷирони тоҷик ба шумор мерафт.
Ещё видео!