Як ғазалгуна
Вақте, ки гушна будам як бурда нон надоданд
Ҳоло ба вақти сери нондеҳакон зиёданд.
Вақте, ки хоб будам дар кучаҳо надиданд,
Ҳоло, ки қаср дорам сад дар ба ман кушоданд.
Чун эҳтиёҷи ман буд як дирҳамам надоданд,
Дар рӯзи бе ниёзи даҳчанд карда доданд.
Чун бенаво ки будам гуфтанд дузду ғарри
Ҳоло, чи шуд ки ёрон саршори эътимоданд.?
Уфтода пеши пошон як вақт зора кардам,
Ҳоло ба пеши поям садборҳо фитоданд.
Аз эҳтироми онон ношод мешудам ман,
Имрӯз ҷамъи ёрон аз эҳтиром шоданд.
Меҳровари Масчоҳӣ
Ещё видео!