#Мавлоно Чалолуддин Балхии Руми руми
#руми джалаладдин
джалаладдин руми
#джалаладдин руми афоризмы#Маснавии маънавии руми#хикоя#masnavi maulana rumi#Бишнав аз най #МавлоноРуми панду газал#Маснавии Маънави мавлави#Бо забони асли#رومیруми аудиокнига#Маснави #руми стихи*поэзия руми#стихи руми#джалаладдин руми цитаты#Киссахо аз Маснави#Подшох ва каниз#Ишки Илохи#Суфийские притчи#Ишки Аллох #Маъшуки Илохи#Рохи Тарикат#Мавлоно Руми суфи#притчи о жизни#Киссахои ошикона
Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоиёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.
…Айёме, ки Баҳоуддини Валад, падари Ҷалолиддин ва пайвандонаш ихтиёри сукунати Қунияро карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомиа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву суриёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро меварзиду мепарвариду мегустарид.
Мардуми сарзаминро манофеи ҳамагонии иқтисодиву иҷтимоӣ муттаҳиду муттасил созанд ҳам, мазҳабу дину расму ойини гуногун андаке ночаспону парешонашон нигаҳ медоштанд.
Албатта, чунин вазъу ҳолат ашхосу афродеро тақозо менамуд, ки тӯдакаши мардум бошанду Симурғвор сӣ мурғи парешонро ба ҳам оваранд, то ваҳдату вуслати ҳамагон аз наҳси хунрезиҳои чингизиёну харобкориҳои золимон, қасди кишварситонону ҷудойихоҳон ва ҷабри миллатгароёну мутаассибони замон, ки дар ҳамаи давру авонҳо ва мулку маконҳо кам набудаанд, осебу зиёне набинад.
Ана дар ҳамин шароити каҷдорумарези мазҳабиву мафкуравӣ орифи доно ва олими тавоное дар сурати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба майдони рафтору гуфтору пайкор омад, ки садҳо равшанравону ҷонфишони кишварро дар атрофи худ ҷамъ оварда, назарияи «Сулҳи кулл»-ро дар маҳзари муроқабат андохт, ки филфавр аз ҷониби ҳамагон мавриди эътиқоду эътирофи гарму ҷӯшоне қарор гирифта, минбаъда дар эҷодиёту офаридаҳои мутафаккирону донишмандони бузурги ҷаҳон ва вуслату ваҳдатбандии тамаддуни дигар миллату мардумон нақшу таъсири вофире бигзошт, ки ҷавҳари онро хитобаи зерини мутафаккири ваҳдатгаро ва мутасаввифи сулҳошно намоёнда метавонад, ки ҳамгунаҳояш дар осори шоир фаровону фурӯзонанд:
Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!
На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!
На танҳо дар даврони рӯзгору пайкор, балки баъди сари Мавлоно, аз асри XIII то имрӯз, назарияи «Сулҳи кулл»-и бесобиқа борҳо дар амалия ба кор омада, муттасил, дар мавориду лаҳазоти ҳассоси пархошу парешонкориҳо, дар мамолики гуногунмиллату мухталифмазҳабе, чун Туркияву Юнон, Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон, мамолики арабу Русия, Тоҷикистону Озарбойҷон… оммаву тӯдаҳоро ба ваҳдату вуслат овардааст.
Баъди дарёфти дараҷаи кофии камолоти инсониву ирфонӣ, варосати ҳақиқии мероси маънавии падару устодон ва дарки зарурати ҳамонлаҳзаи таърихӣ Мавлоно шогирдону муридони сершумори худро ҷамъ оварда, мактаби маъруфи тасаввуфии худро таъсис медиҳад, ки «Мавлавия» номида шуда, минтақаи фарохи ҷуғрофӣ – Руму Эрону Афғонистон, Арабистону Осиёи Марказӣ, Шому Мисру Қафқоз ва Ҳинду Синду Чину Мочинро фаро гирифта, то ҳол идомаву ирода дорад.
«Мавлавия» тариқати тасаввуфии бародариву ҷавонмардиест, ки тақрибан соли 1240 аз ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Қуния поягузорӣ шуда, заминаи мафкуравии онро ғояи «хатти савум»-и ӯву пирону ҳаммаслаконаш ташкил медиҳад. Ва мавлавиён эътиқоду итминони комил бар он доштанд, ки поягузору пуштибони муқаддаси соликони ҷодаи футуввату ухувват шахсе мебошад, ки дар вуҷудаш нури маърифати маънавии Паямбар таҷаллӣ ёфтааст.
Аҳли мавлавия дар ҷараёни самоъи сӯфиёна ва зикри орифона ба ширкати мусиқиву суруду рақс аҳамияти фавқулодда медоданд, ки чунин иқтизо дар дигар ухувват ба мушоҳада намерасид ва аз талаботу муқаррароти урфиву одатии шариати анъанавӣ ба куллӣ фарқ мекард.
Аъзои фирқа чунин меҳисобиданд, ки зарраи Рӯҳи мутлақ, ки барои идроку ишроқ дар дили инсон ҷойгузин шудааст, беҳтар аз ҳама дар давоми рақсу танини мусиқӣ поку муҷалло мегардад, яъне барои якшавӣ бо нахустасоси худ мекӯшад; ҳамчунин мусиқӣ бештар аз ҳама барои ифшои ишқу алоқа ба Худо мадад мерасонад
Беҳуда нест, ки аз асри XIII то имрӯз Мавлавихониву Маснавихонӣ расму суннати дилписанду побарҷойи адабӣ – фарҳангии мардуми турку тоҷик гардида, дар саросари Туркия, махсусан дар Қуния, ки оромгоҳи орифи беназиру муршиди бебадал аст, ҳамасола, аз 10-ум то 17-уми моҳи декабр, - ҳафтаи пеш аз фавти Мавлоно,Ҷашнвораи «Мавлоно» баргузор мешавад, ки анъанаи рақсидану суруданҳои даврони Мавлавиро зинд
Ещё видео!