#ГУШТИНИМИЛЛИ
Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ як намуди варзиши маъмул миёни мардуми тоҷик мебошад, ки коршиносон таърихи онро ба пайдоиши миллати тоҷик рабт медиҳанд. Зеро гўштингирї анъанае мебошад, ки мардон ба хотири он ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашанд. Мардуми тоҷик ин намуди гӯштинро ҳамчун анъана дар ҷашни Наврӯзи бо як шукўњу шаҳомати хос барпо мекунанд.
Гӯштингирӣ ё худ гӯштин аз калимаи тоҷикии “куштӣ” гирифта шудааст,ки маънои камарбандро дорад. Яъне паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ баромада, маҳорати худро ба дигарон пешниҳод мекард миёни мардум маҳбубияти хосаро доро буд. Бояд гуфт сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, дар ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ.
Дар замони Шӯравӣ ин намуди гӯштин чандон тарғиб намешуд, вале миёни мардум маҳбубияти худро гум накард. Мардум бо хоҳиши худашон дар маъракаву ҷашнҳо ва махсусан ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ барпо мекарданд. Хушбахтона бо шарофати Истиқлолият солҳои охир мо тавонистем, ки гӯштини миллиро дубора дар шаклу усули наву муосир эҳё намоем.
Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи гӯштини миллӣ ва соҳибкорони ватанӣ солҳои охир барои рушди ин намуди варзиш якчанд иқдомро ба роҳ монданд, ки варзишгарон метавонанд ин варзиши суннатии миллати тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, бо иштироки варзишгарони хориҷи кишвар низ мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониро ба рох монанд. #Қаротегин
Ещё видео!