Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз се садамаи маргбор дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) хабар дод.
Аз ҷумла рӯзи 16-уми июни соли 2024, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи микроавтобуси тамғаи «Даймлер-Бенс», Исмоилов Ҳасан Мирсидиқович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи «Шакман», ки ба ронанда Холиқов Фирдавсҷон Абдурауфович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дошта, дар канори роҳ таваққуф карда буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири микроавтобуси «Даймлер-Бенс», Қаюмов Абдувалӣ Домуллоҷонович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Хуҷанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафар мусофирони ин мошин бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Нимаи дуюми рӯзи 17-уми июни соли 2024, тахминан соати 15:30, ронандаи ноболиғ Ашуров Шаҳриёр Ғаффоралиевич, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Кӯлоб, ки бидуни ҳуқуқи ронандагӣ мошини тамғаи “Дэу-Нексия”-и падараш Маҳмудов Абдуғаффор Вадудович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Кӯлобро гирифта буд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар канори шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Ҳундай Аванта”-и Раҳимов Эмомалӣ Муродалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҳамин шаҳр, ки дар канори роҳ қарор дошт, бармехӯрад.
Сипас, “Дэу” боз ба мошини боркаши тамғаи “Ҳундай Портер”, таҳти идораи Каримов Шодӣ Кӯлобиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст. Дар ин лаҳза Ёқубов Аминҷон Асрорович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб, ба таъмири оинаи мошини Раҳимов Э. машғул будааст. Усто дар натиҷаи садама ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ещё видео!