📣Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, дар синни 44 – солагӣ бар асари як садами нақлиётӣ даргузашт.
⠀
Аз субҳи барвақти санаи 7 август чанде аз ҳамкорони мо аз расонаҳои гуногуни Ватанӣ вобаста ба ин ҳарф заданд ва ҳатто навори садама дар сомонаҳои иҷтимоӣ давр мезад.
⠀
Мавсуф ҳангоми ҳаракат дар роҳ ҳаволии соати 4 – и субҳ дар роҳи рӯ ба рӯи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба садама дучор шуда, ҷароҳати вазнин бардоштааст.
⠀
“Ӯро ба корпуси 5 – и Шифохонаи Қарияи Боло интиқол доданд, аммо барои наҷоти ҷонаш чизе аз дасти пизишкон сохта нашуд. Ӯ ҷон ба ҷонофарин таслим кард”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
⠀
аз даргузашти дуст ва рафиқ, ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик андӯҳгин буда, ба аҳли оилааш сабри ҷамилро таманно дорем.
⠀
#БахромГафуриДаргузашт
Ещё видео!