Ассалом алейкум дӯстони азиз!
Агар, ки навор ба шумо маъқул шуда бошад, ҳатман ба дигарон расонед, лайк монед, обуна шавед.
Зеро, ба дигарон расондану, лайк мондану, обуна шудан дар шабакаҳои Исломи, ки дар онҷо даъват ба Ислом аст.
Ин он маънеро дорад, ки шумо динамонро паҳн мекунед...
------------------------------------
По всем вопросам:
salekh_sharipov@mail.ru
[ Ссылка ]
[ Ссылка ]
------------------------------------
Барои пешравии шабака ва умуман худи мо!
Сбербанк:4276 4200 4465 6147
ДАСТГИРИИ ШУМО, ПЕШРАВИИ МО!!!
------------------------------------
ШАЙХ САЪДИ ШЕРОЗИ
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав панҷ навбат бизан бар дарат,
Агар ёри мувофиқ бувад дар барат.
Ҳама руз агар ғам хурӣ, ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Киро хона ободу ҳамхоба дуст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Чу мастур бошад зану хубрӯй,
Ба дидори ӯ дар биҳишт аст шӯй.
Касе баргирифт аз ҷаҳон коми дил,
Ки якдил бувад бо вай ороми дил.
Агар порсо бошаду хушсухан,
Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ макан.
Зани хушманиш дилнишонтар, ки хуб
Ки омезгорӣ бипӯшад уюб.
Беҳ аст аз паричеҳраи зиштхӯй
Зани девсимои хуштабъ, гӯй.
Чу ҳалво хурад сирка аз дасти шӯй,
На ҳалво хурад сирка, андуда рӯй.
Дилором бошад зани некхоҳ,
Валекин аз зани бад, Худоё, паноҳ!
Чун тутӣ калоғаш бувад ҳамнафас,
Ғанимат шуморад халос аз қафас.
Сар андар ҷаҳон неҳ ба оворагӣ,
Вагарна бинеҳ, дил ба бечорагӣ.
Тиҳипой рафтан беҳ аз кафши танг,
Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг.
Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ,
Ки дар хона бини дар абру гиреҳ.
Сафар ид бошад бар он кадхудой,
Ки бонуи зишташ бувад дар сарой.
Дари хуррамӣ бар саройе бибанд,
Ки бонги зан аз вай барояд баланд.
Саодат барафтад аз он хонадон,
Ки бонги хурӯс ояд аз мокиён.
Чу зан роҳи бозор гирад, бизан,
Вагарна ту дар хона биншин чу зан.
Агар зан надорад сӯи мард гӯш,
Саровели куклӣ-ш бар мард пӯш.
Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ,
Бало бар сари худ, на зан хостӣ.
Чу дар кулба як ҷав амонат шикаст,
Аз он анбори гандум фарӯ шӯй даст.
Бар он банда Ҳақ некӯӣ хоста аст,
Ки бо ӯ дилу дасти зан роста аст.
Чу дар рӯйи бегона хандид зан,
Дигар мард, гу лофи мардӣ мазан.
Чу бинӣ, ки зан пой бар ҷой нест,
Субот аз хирадмандиву рой нест.
Гурез аз кафаш дар даҳони наҳанг,
Ки мурдан беҳ аз зиндагонӣ ба нанг.
Зан аз чашми бегона мастур беҳ,
Чу берун шуд аз хона дар гур беҳ!
Зани хуби хуштабъ ганҷ асту бор,
Раҳо кун зани зишти носозгор.
Ҳаё гар надорад дил аз вай бигир
Ки набвад зани бе ҳаё дилпазир!
Ду касро бидидам ба як анҷуман,
Ки саргашта буданд аз дасти зан,
Яке гуфт: "Касро зани бад мабод",
Дигар гуфт: "Зан дар ҷаҳон хуб мабод".
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан,
Макун, Саъдиё, таъна бар вай мазан.
Ту низ ранҷ биниву бораш кашӣ,
Агар як шабе дар канораш кашӣ!
Шеър дар васфи ЗАН| Саъди Шерози|سعدی شیرزی زن
Теги
шеърҳои саъди шерозизиндагии саъди шерозибустони саъдигулистони саъдиسعدی شیرزیхабархои точикистонзинопайгамбарточикшайтониблисмаргдушанбетаджикистанхадисамри маъруфэшони нуриддинҷонпайғамбарохири замонрузи киёматрузи махшараллоҳаллахкоранкаранқуръономузиши намозсолех бродаҷҷолдаччоляъҷуҷ ва маъҷуҷҷайҳунқумсангирхочи мирзоэшони нуриддинчондомуллло абдурахимзан дар исломбоз як занро қапиданкелини хонаҳақи зан