Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони эронӣ ба духтари боздоштшудае ҳамраъйӣ нишон дода, наворҳои рақсиданашонро ҷой медиҳанд. Мақомоти Эрон Моида Ҳуҷабрӣ духтареро дастгир кардаанд, ки видеоҳои рақсидани худро дар Инстаграм мегузорад ва даҳҳо ҳазор мухлис дорад. Телевизиони давлатии Эрон чанде пеш видеои Моидаро намоиш дод, ки гӯё эътироф мекард, кораш мухолифи арзишҳои ахлоқӣ буд, вале ҳадаф надошт, дигаронро ба пайравӣ ба худаш ташвиқ кунад.
Ещё видео!