Ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабти видеоии маросими оштӣ шудан ва ба ҳамдигар даст додани намояндагони ҷамъиятҳои зодагони Чеченистон ва зодагони ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон расид. Музокироти намояндагони чеченҳо ва ванҷиҳо рӯзи 20 июни соли 2024 дар шаҳри Твери Русия дар пайи чанд муноқишаи байни зодагони Ванҷу Чеченистон дар ин қисмати Русия доир шуд.
Тавре дар видео дида мешавад, ҷамъияти дар Твер хеле сершумори зодагони Ванҷро дар ин мулоқот чанд нафар аз ванҷиҳои бонуфуз, аз ҷумла соҳибкор Мазҳаб Хушаков ва воизи маъруф Қорӣ Муҳаммаднаим намояндагӣ мекарданд. Дар ҷамъбасти музокирот аз номи тарафайн Қорӣ Муҳаммаднаим суханронӣ кард.
Қорӣ Муҳаммаднаим ҳодисаҳои гузаштаро “фитна” ва ҳадафи онро “коштани тухми нифоқ дар байни ду мардум” номид, вале итминони хотир дод, ки “ин ду халқ (яъне тоҷикҳо ва чеченҳо) дӯсту бародар буданд ва дӯсту бародар хоҳанд монд”. Рӯҳонии тоҷик сипас ба намояндагони ҳарду тараф пешниҳод кард, ки “як мушт шуда, миёну гардани шайтонро шиканем ва ба якдигар даст дода, оштӣ кунем”. Ҳарду тараф ин даъватро пазируфта, аз ҷо баланд шуданд ва ба ҳамдигар даст дода, барои ҳамаи ончӣ ки гузашт, узр пурсиданд.
Манобеи огоҳ аз натиҷаҳои музокирот дар Твер ба “Бомдод” хабар доданд, ки чеченҳо барои латтукӯби навраси бегуноҳи ванҷӣ, ки ҳамагӣ 17 сол дошт, узр пурсиданд. Ин наврасро чанд чечен латтукӯб карда, талаб кардаанд, ки барои ҳодисаи гаппартоӣ ба як духтари чечен узр бипурсад. Он ҳам дар ҳоле ки ин наврас дар як шаҳри дигари Русия буд ва ба ончӣ, ки дар Твер рух дода буд, ягон муносибат надошт ва аз он ҳодиса ҳатто хабар надошт.
Дар масъалаи се зодаи ноҳияи Ванҷ – Хисрав Файёзов, Абдулло Алиев ва Шерафкани и 17-сола, ки дар Твер дар пайи муноқиша бо чеченҳо бо иттиҳоми авбошӣ ҳабс шудаанд, ҷонибҳо чунин тавофуқ кардаанд, ки чеченҳое, ки дар ин парванда ҳамчун ҷабрдида мегузаранд, аризаи худро аз пулис пас мегиранд ва ҳарду тараф муштаракан барои озод кардани ин се ҷавони ванҷӣ адвокатҳои бақувват ва босалоҳият киро мекунанд.
Ещё видео!