Бар асари даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 14-17 сентябр ба вуқӯъ пайваст, даҳҳо хонавода лабрези андӯҳу ашк шуд. Аммо шояд, яке аз фоҷиаҳои мудҳише, ки тамоми кишварро такон дод, дар оилаи Фаёзовҳо аз ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рух дода бошад. Ин оила дар як лаҳза 5 узви хонавода, аз ҷумла 2 кӯдак ва 1 зани ҳомиладорро аз даст дод. Ҳамаи онҳо дар мошини ёрии таъҷилӣ, ки аз сӯи низомиёни қирғиз тирборон шуд, зинда ба зинда сӯхтанд.
Ғаму андуҳеро, ки ба сари оилаи дӯстонаву хоксор - Фаёзовҳо омадааст, бо сухан тасвир кардан ғайриимкон аст. Бераҳмии хунсардонаи касоне, ки ин ҷинояти ғайриинсониро содир намудаанд, низ нобахшиданист.
Дар ин оила барои талафи якбора 5 нафар мегирянд - модар, ду келин, ки якеаш дар батнаш тифли 8-моҳа дошт ва боз 2 кӯдаки дигар. Ҳамаи онҳо дар мошини ёрии таъҷилӣ ҳамроҳи ронанда дар роҳ ба беморхона аз тири низомиёни қирғиз ҳалок шуданд.
Рӯзноманигорони “Азия-Плюс” ба аёдати хонаводаи Фаёзовҳо рафта, наздикону пайвандони онҳо ҷузъиёти ин ҳодисаи фоҷеаборрро ҳикоя карданд, ки аз он кас ба даҳшат меафтад.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: [ Ссылка ]
Facebook: [ Ссылка ]
Instagram: [ Ссылка ]
# #таджикистан #asiaplus
Ещё видео!