Бо фармони Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерал Собир Раҳимовро аз нав дар маркази шаҳри Тошканд ҷойгир хоҳанд кард. Рӯзи 2-уми май аснои зиёрат аз минтақаи Намангон Президент Мирзиёев гуфт, бозгардони муҷассамаи Генерал Раҳимов ба маркази пойхати Узбекистон эҳёи адолати таърихӣ хоҳад буд. Раҳимови узбектабор дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фармондеҳи дивизияи пиёдагарди артиши Шӯравӣ буда, моҳи марти соли 1945 дар қаламрави Аврупо ба қатл расидааст. Соли 1965 Раҳимов ба унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гашта, соли 1981 муҷассамаи Собиров дар Маркази Тошканд қомат афрохт. Дар соли 2010-ум ҳайкали Раҳимов ба канори пойтахти Узбекистон интиқол ёфта, номи кӯча ва ноҳияи Собир Раҳимовро дигар карда буданд. Моҳи гузашта Президенти Узбекистон фармон дода буд, муҷассамаи як оилаи узбекро, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 15 кӯдаки қавми миллатҳои гуногунро фарзанд хондааст, дубора бар макази Тошканд баргардонанд.
Ещё видео!