Аз даҳҳо корхонаи шаробкашии замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо 4 корхонааш фаъол боқӣ мондааст, вале ҳатто маҳсулоти ин 4 корхона ҳам харидори чандоне надорад.Дар зарфҳои бузурги танҳо корхонаи шаробкашии Шаҳринав дар тақрибан 40-километрии ғарби Душанбе ва ҳамагӣ 20-километрии марз бо Узбакистон бештар аз 400 ҳазор декалитр ё 4000 тонна шароби талху ноби ангурӣ маҳфуз аст, ки тақрибан харидор надорад. Дар гузашта шаробҳои корхонаи шаробкашии Шаҳринав, ки аслан барои содирот ба кишварҳои дигари Шӯравии собиқ тавлид мешуд ва як бахши сердаромад ба шумор мерафт, феълан ҳатто дар бозори дохилӣ рақобат карда наметавонад. Гузориши комил инҷост: [ Ссылка ]
Ещё видео!