Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 30-солаи ноҳияи Кушониён Назокатхон Тоироваро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро дар қатли бераҳмонаи 4 фарзанди хурдсолаш гунаҳкор шинохт. Бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, Назокатхон Тоирова рӯзи 9 сентябр дасту пои 4 фарзанди 9,8, 6 ва 1-солаашро баста, ба сарашон селофан кашидааст. Кӯдакон дар натиҷаи нафасгир шудан ҷон бохтаанд. Тоирова баъди қатли кӯдакон хонаро бо санадҳояш оташ зада, сипас 10 ҳаб(таблетка)-и димедрол (доруи хоб) хӯрдааст, вале хона тасодуфан дар нагирифт ва Тоирова низ баъди чанде ба ҳуш омада, ба шуъбаи милиса рафтааст ва худро таслим кардааст.
Адвокати ӯ аз додгоҳ тақозо кард, то Назокатхон Тоироваро дубора аз ташхиси равонӣ гузаронд, вале додрас гуфт, чунин ташхис дар марҳалаи тафтишот анҷом шуда буд ва Тоироваро солим баровард.
Шавҳари Тоирова дар додгоҳ гуфт, ки ӯ нисбат ба кӯдакон муносибати хуб дошт ва оилаашон аз ягон чиз камбудӣ надошт. «Ҳама чиз мерасид...»- гуфт ӯ.
Дар парвандаи Тоирова омадааст, ки Назокатхон Тоирова нимрӯзии 9сентябр бо мақсади аз байни бурдани фарзандонаш бо баҳонаи бозии «баҷошавак» аввал писари калонӣ ва сипас ду фарзанди дигарашро ба ҳуҷрае даъват карда, бо як бераҳмии гӯшношунид мекушад. Назокатхон Тоирова фарзанди хурдияшро дар гаҳвора нафасгир мекунад ва баъдан ҷасадашро бо дигар фарзандонаш якҷо мегузорад.
Баъди ин ба хотири худкушӣ кардан Назокатхон Тоирова даҳ дона ҳаби димедрол хӯрда, санадҳои хонаводагияшро оташ мезанад. Бино ба сабаби истеъмоли димедрол аз ҳуш меравад, аммо оташ сарфи назар аз иродаи ӯ хомӯш мешавад.
Баъдан, Тоирова ба ҳуш омада, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар рафта ба ҷинояти содиркардааш иқрор мешавад. Тавре дар ҷаласаи додгоҳӣ гуфта шуд, дар рафти тафтишоти пешакӣ гуноҳи номбурда пурра исботи худро ёфтааст. Худи гумонбар ҳам баъди қироъати айбнома ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.
Маҳмадҷон Тоиров, шавҳари Назокатхон Тоирова дар ҷаласаи додгоҳии қаблӣ зикр кард, ки рӯзи 8-уми сентябр ду фарзанди калониаш дар хонаи хушдоманаш буданд. Занаш ҳангоми ба кор рафтанаш гуфтааст, ки рафта фарзандонашро аз хонаи модараш меорад. Ҳамин тариқ рӯзи 8 -сентябр Назокатхон хонаи модараш меравад, вале бегоҳ барнамегардад.
«Рӯзи 9-уми сентябр вақте ба кор рафтам онҳо ҳоло наомада буданд. Баъди нисфирӯзӣ дар як сохтмон кор мекардам, ки омада ба ман гуфтанд писарат нотоб шудаасту тез ба хонаат рав. Вақте хона омадам, чор фарзандамро дар рӯи ҳавлӣ беҷон дидам. Ман намедонам, ки чаро Назокатхон чунин кард”- гуфт Маҳмадҷон Тоиров.
Расонаҳои маҳаллӣ баъди куштори бераҳмонаи 4 фарзанд бо дасти модарашон дар Кушониён ёдовар шуда буданд, ки дар соли 2005 модари Назокатхон Тоирова низ бо ҷурми куштани шавҳараш ва як марди дигар маҳкум ба зиндон шуда буд.
Ещё видео!