КАФ ЗАДАН БАР ҲАР КАЛОМИ ПЕШВО
Хандаҳоят хандаи бахти тамоми миллат аст,
Рӯи нурафшони ту моҳе ба шоми миллат аст.
Кардӣ миллатро бурун аз вартаи ранҷу алам,
Шаҳди шодӣ бо ту як умре ба коми миллат аст.
Каф задан бар ҳар каломи дилписанди Пешво,
Бе ягон тардид донам, эҳтироми миллат аст.
Ин Паёмеро, ки эҳдо мекунӣ бар халқи худ
Бар тамоми рӯи олам чун паёми миллат аст.
Орзу дорам, мақомат аз само ҳам бигзарад,
Чун мақоми Пешвои мо мақоми миллат аст.
30.12.2023
Ещё видео!