Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 май ба синни 63 расид. Синни 63 барои мусалмонон ба маҳзи синни зиндагии Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) буданаш як синни муқаддас дониста мешавад.
Ёқуб Салимов дар зиндагии пур аз шебу фарози худ маззаи ҳама чиро чашид: ҳам шаҳди мансаб, ҳам талхии зиндон, ҳам садоқат ва ҳам хиёнати ёру дӯстони собиқ.
Ӯ 5 сол пеш аз маҳбас раҳо шуд ва дар канори аҳли хонаводааш, ба қавле, даврони пирӣ меронад ва ҳаддалимкон кӯшиш мекунад, ба ягон кору бор, бахусус ба сиёсат “қӯш” нашавад.
Ёқуб Салимов 20 майи соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва сипас шуъбаи шабонаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ёқуб Салимов дар поёни соли 1992, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоби Хуҷанд, дар пайи ба мақоми раиси Шӯрои олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, ба намояндагӣ аз фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 1995, Ёқуб Салимовро аз вазирӣ озод карда, ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркия фиристоданд. Ӯ соли 1996 аз Туркия баргашт ва ба мақоми сардори Кумитаи гумруки Тоҷикистон нишаст.
Моҳи апрели соли 1997 Ёқуб Салимов, ки президент Эмомалӣ Раҳмоновро дар сафараш ба шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ мекард, дар натиҷаи сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони президент дар баробари Раҳмонов ҷароҳат бардошт. Моҳи августи ҳамон сол, ҳамагӣ моҳе баъд аз имзои созишномаи сул бо мухолифин, дар пайи боз як ошӯби мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев болои манзили Ёқуб Салимов дар шаҳри Душанбе низ ҳамла сурат гирифт ва ӯ тарки Тоҷикистон кард.
Ёқуб Салимов дар хориҷ ҳизби ҷумҳурихоҳони Тоҷикистонро ташкил дод ва китобе бо номи "Азиатский синдром” низ чоп кард. 21 июни соли 2003 Ёқуб Салимовро дар шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва 24 феврали соли 2004 ба Тоҷикистон истирдод карданд.
25 апрели соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро бо ҷурмҳои сангине, чун хиёнат ба Ватан, кӯшиши ғасби ҳукумат, роҳзанӣ ва сӯиистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Бо ҳукми додгоҳ, Ёқубро аз ордену мукофотҳои давлатӣ ва ҳамчунин аз унвони генералӣ низ маҳрум карданд. Ёқуб Салимов 21 июни соли 2016 аз зиндон озод шуд ва ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад. Ёқуб Салимов баъди раҳоияш аз маҳбас дигарбора издивоҷ кард ва аз ҳамсари наваш алакай се фарзанд дорад. Ӯ аз ҳамсари аввалаш низ се фарзанд дорад.
Ещё видео!