Бирафтӣ дуст аз дунёву ҳоли мо намедонӣ?
Хабар омад, аз он дурӣ дигар бо мо намемонӣ.
Дами охир чиҳо гуфтӣ, каломатро нафаҳмиданд,
Пизишкони забонбегона дар ҳоли парешонӣ.
Ҳазорон роз бинҳуфта , ҳазорон ҳарф ногуфта,
Ҳазорон нақшаҳо дар зери девори фурурафта,
Паси дарвозаи ҳасрат аламҳои ту норуфта,
Куҷо рафтӣ, азизи дил, куҷо рафтӣ ба осонӣ?
Дили дар ғам фигоратро, нигоҳи беқароратро,
Ҳамеша як муҳаббат аз куҷое интизоратро
Куҷо ҷуям, куҷо бинам, куҷо мондӣ, ту медонӣ!
Паёми савтиатро ман, ки лолоист дар гулхан,
Ба такрор бишнавам, аммо садо бишкаст, медонӣ?
Замоне духтари оча, канори сардӣ дарёча,
Гиристӣ аз барои нокасони даҳр арзонӣ.
Надонистем қадратро, агар он дасти қудратро,
Бидоштам, ҷои ту буд қуллаи куҳи бадахшонӣ.
Садои вижаи худро, ду чашми бастаи зудро,
Ғами дар сина аз ин реҳлати ту гашта мавҷудро,
Ҳамеша қисса месозам, агарчанде намехонӣ, НАМЕХОНӢ?! Sh.R. 😭😭😭😭 30.11.2024. 07:30
#файзигудюсупова #таджикистан
Ещё видео!